Шаҳзода Султонбоева дар Челябинск “Маликаи рақс” шуд

Шаҳзода Султонбоева аз Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ намояндагӣ кард. Озмун дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Дар он 12 духтар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Украина ва Русия ширкат варзиданд. Рӯзи 15-уми сентябр даври финалии озмуни ҳамасолаи умумирусиягии хайрия барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ “Барои пирӯзӣ таваллудшудагон!” доир гардид, ки дар он духтарони […]

Шаҳзода Султонбоева аз Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ намояндагӣ кард. Озмун дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Дар он 12 духтар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Украина ва Русия ширкат варзиданд.

Рӯзи 15-уми сентябр даври финалии озмуни ҳамасолаи умумирусиягии хайрия барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ “Барои пирӯзӣ таваллудшудагон!” доир гардид, ки дар он духтарони маъюб аз 5 кишвар ва гӯшаву канори Русия гирд омаданд.

Ин духтарон собит карданд, ки барои онҳо ҳеҷ чизи ғайриимкон вуҷуд надорад. Шаҳзода Муминова бо либоси миллии тоҷикии "Чакан" рақсид.

“Хеле шодам, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам ва бо ин ифтихор дорам, – гуфт ӯ дар мусоҳибаи “Азия-Плюс”. – Озмун ба ман хеле писанд омад. Замаи духтарон боистеъдоданд. Аз шиносоӣ бо иштирокдорон аз кишварҳои дигар хеле хушҳолам. Умедворам, ки минбаъд низ робитаву дӯстии мо идома меёбад”.

Ба гуфтаи ӯ, "озмун ба ҳамаи онҳо имкон дод, то ба тамоми ҷаҳониён нишон диҳанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ ҳеҷ гуна маҳдудият монеа шуда наметавонад”.

Дар ватан Шаҳзода маҳфили рақс барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ дорад. Маҳфил дар чаҳорчӯби лоиҳае, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ташкил гардида, шиори “Ба худат бовар карда, ба дигарон нишон деҳ”-ро сармашқи кори худ қарор додааст.

“Гурӯҳ аз 6 нафар духтарони маъюб иборат аст. Ҳамаи мо дар аробачаҳои маъюбӣ мерақсем. Ба ҷуз 6 нафар узви доимии маҳфил, боз 6-7 нафари дигар, ки машғули рақсанд, назди мо меоянд, лекин дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ намекунанд, – мегӯяд Шаҳзода. –  Мутаассифона, бархе аз волидон муқобили рақси духтаронашон, намоиш додани онҳо дар телевизион ё интернет мебошанд. Вале ба ҳар ҳол, ман духтаронро ба наздамон барои омӯзиши рақс даъват мекунам, зеро ин муфид аст, ба кас рӯҳу тавони тоза мебахшад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.