МТБ маҳсулоти пахтагини Тоҷикистонро дар Маскав ба ҷаҳониён намоиш медиҳад

Иттилоияи расмӣ

Панҷ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад ва имрӯз, 17-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд.

Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 20-уми сентябр ба маъраз гузошта мешавад.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.

Имсол корхонаҳои зерин аз Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳузур ёфтанд: “Ваҳдат”, “Лиман”, “Раҳимов А.А.”, “Файзи истиқлол”, ва “ХИМА-Текстил”. Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро масъулони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” (Хуҷанд), “ACT Development Group” (Душанбе), ва Иттифоқи Рушди Бахши Хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) раҳнамоӣ мекунанд. Намояндаи ИРБаХТ аснои сафар бо бозори минтақавӣ ошноӣ пайдо карда, бо ҳамкорони рус дидорҳо анҷом медиҳад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Абдулло Муҳаммадиев, Сардори Департаменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти робитаҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоварад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо робитаҳо барқарор намоянд”.

Намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.

Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳсулоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 12-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...