Ҳалокати 24 нафар бар асари таркиш зимни суханронии президенти Афғонистон

Зимни суханронии президенти Афғогнистон Ашраф Ғанӣ дар маҷлиси намояндагони маъркаи интихобот дар музофоти Парвон таркиш ба амал омад. Дар натиҷа дастикам 24 нафар ҳалок ва беш аз 30 тан ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора 1tvnews.af бо истинод ба сардухтури бемористони Парвон Абдулло Қосим Сангин хабар медиҳад. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар Нусрат Раҳимӣ, […]

Зимни суханронии президенти Афғогнистон Ашраф Ғанӣ дар маҷлиси намояндагони маъркаи интихобот дар музофоти Парвон таркиш ба амал омад.

Дар натиҷа дастикам 24 нафар ҳалок ва беш аз 30 тан ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора 1tvnews.af бо истинод ба сардухтури бемористони Парвон Абдулло Қосим Сангин хабар медиҳад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар Нусрат Раҳимӣ, таркиш аз ҷониби террористи маргталаб анҷом дода шудааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки бо вуҷуди ин ҳодиса, чорабинӣ идома ёфтааст.

Тибқи баъзе маълумоти дигар, дар ин ҳодиса таҷҳизоти таркандаи ба автомашина насбшуда ба кор дароварда шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз таркиш оесб надидааст.

Гуфта мешавад, моҳи март комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон изҳор дошт, ки маъракаи интихоботи президенти кишвар 28 сентябри соли 2019 баргузор мешавад.

Дар навбати худ гурӯҳи “Толибон” як қатор таҳдидҳо кард, ки ба баргузории интихобот роҳ намедиҳад. Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ нигаронӣ изҳор карда буд, ки аҳолии осоиштае, ки дар интихобот иштирок мекунанд, ҳадафи онҳо шуда метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.