Мурофиаи Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо мавқуф гузошта шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи судии Александр Сёмин, қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик Ҳувайдоро мавқуф гузошт.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баррасии навбатии додгоҳӣ бояд рӯзи 19-уми сентябр доир мешуд. Аммо ба ӯ аз додгоҳи вилоятии Маскав барқия омадааст, ки мурофиа ба рӯзи дигар гузаронида шуд.

Имрӯз бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вомехӯрам ва умедворам, ба мушкили мо расидагӣ мешавад, – гуфт падари Ҳувайдо.

Ба гуфтаи Саидов, баъд аз нашри мавод дар сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” – “Падари Ҳувайдои кушташуда аз ҳукумати Тоҷикистон кумак мехоҳад”, Консулгарии Тоҷикистон дар Русия ва чандин ҳимоятгар бо ӯ тамос гирифта, пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол Ҳамза Ҳакимзода, узви раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси адвокатҳои шаҳри Душанбе, ки дар ин мурофиа ҳуқуқи Абдусалом Саидовро ҳимоя мекунад, ба “Азия-Плюс” гуфт: “Мурофиаи судӣ мавқуф гузошта шуд. Дар барқияи гирифтаи мо рӯзи мурофиаи навбатии судӣ номаълум аст ва иттилои бештар надорем”.     

Ӯ аз аввали рух додани ин ҳодиса кумаки худро ба хонаводаи Саидов пешниҳод кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳама ҳолат омодааст, зимни баррасиҳои додгоҳӣ дар паҳлӯи онҳо бошад ва кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонад.

– Ҳоло натанҳо ҳуқуқшиносону адвокатҳо, балки тамоми мардум ба ин ҳодисаи мудҳиш ва бераҳмонаи нисбат ба як кӯдаки нотавон раводидаи он қотил таваҷҷуҳи хос доранд. Вақте дар ин масъала ҳарф мезанам, ҷигарам реш- реш мешаваду гиря гулӯгирам мекунад. Бо ин хонавода аҳд карда будем, ки ройгон ба онҳо хизмат мекунам, – гуфт Ҳакимзода.

Додгоҳи вилоятии Маскав бо як қарори худ муҳлати нигаҳдории Александр Сёмин, қотили Ҳувайдоро то феврали соли 2020 тамдид кард.

Ёдовар мешавем, ки  Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки дар ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...