«Asian Express» равуои мусофиркашҳо ба шаҳри Турсунзодаро барқарор мекунад

Бо оғози соли нави хониш сокинони шаҳри Турсунзода, ки дар шаҳри Душанбе кору таҳсил мекунанд, ба мушкилии омадурафт ба ҷойи кору таҳсил дар пойтахт дучор шуданд, зеро равуои автобусҳо қатъ ва шумори мусофиркашҳои хурд кам гардида, таксиронҳо нархро боло бурданд. Қобили зикр аст, ки тариқи шаҳри Турсунзода шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон меоянд ва онҳо низ ба […]

Бо оғози соли нави хониш сокинони шаҳри Турсунзода, ки дар шаҳри Душанбе кору таҳсил мекунанд, ба мушкилии омадурафт ба ҷойи кору таҳсил дар пойтахт дучор шуданд, зеро равуои автобусҳо қатъ ва шумори мусофиркашҳои хурд кам гардида, таксиронҳо нархро боло бурданд.

Қобили зикр аст, ки тариқи шаҳри Турсунзода шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон меоянд ва онҳо низ ба ин мушклот рӯ ба рӯ мешаванд.

Хатсайрҳои қаблан роҳандозикардаи ширкати «Asian Express» аз Душанбе ба шаҳрҳои Тирмизу Деҳнави Ӯзбекистон интизороти мусофиронро қонеъ накарда, қатораи Душанбе-Пахтаобод аз сабаби ҷадвали номуносибаш писанди мардум нашуд.

Дар натиҷа нархи равуо (бо таксӣ аз Душанбе то Турсунзода ва пасон то марзи Ӯзбекистон) аз 10-15 сомонии пешин то 20-25 сомонӣ боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Asian Express» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, автобусҳое, ки бо сабабҳои техникӣ охири моҳи август ба хатсайр набаромаданд, аз 18-уми сентябр дубора ба равуо оғоз мекунанд.

“Нархи чиптаҳо тағйир наёфтааст – 8 сомонӣ ба як самт. Масофаи роҳи хатсайри Душанбе-Турсунзода 53 километрро ташкил медиҳад”, – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба автобус аз пойтахт то гузаргоҳи “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон (масофааш зиёда аз 60 км) талабот вуҷуд дорад. “Ин масъала ҳам айни замон баррасӣ мешавад”, – афзуд намояндаи ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.