Аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон иҷозати фаъолият гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар кишвар – ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият дод. “Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва […]

Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар кишвар – ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият дод.

“Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад”, – омадааст дар баёнияи шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ҶСК “Соҳибкорбонк” бинобар табдил шуданаш ба бонки исломӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12-уми июни соли 2019 ба ҶСК “Тавҳидбонк” тағйири ном кард.

“Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, – зикр шудааст дар варақаи иттилоотӣ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади муҳайё кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорисози бонкдории исломӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26-уми июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Тоҷикистон муайян карда, барои пешбурди чунин фаъолият шароити мусоид фароҳам месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.