Кумаки ИА ба Тоҷикистон дар бунёди тамрингоҳи воҳидҳои наҷотбахш

Asia-Plus

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси Иттиҳод оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан, ҳамзамон роҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Рустам Назарзода зарурати бунёди машқгоҳи Кумитаро барои омодасозии воҳидҳои наҷотбахш қайд кард. Зимнан масоили ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар ин самт баррасӣ шуд.

“Машқгоҳ натанҳо ба омода кардани наҷотбахшони Кумита, балки ба рушди мақомоти наҷотдиҳандаи Афғонистон кумаки беандоза мекунад. Масофаи тӯлонии сарҳад бо ҳамсояи ҷанубӣ, инчунин мавқеи ҷуғрофӣ ва шабоҳати офатҳои табиӣ дар манотиқи наздимарзӣ тақозо мекунад, ки наҷотбахшони кишварҳои мо огоҳии бештар ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд”, – қайд кардааст роҳбари Кумита.

Гуфта мешавад, Петер Буриан ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус, дар масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори омодагӣ кард.

“Мутаассифона, тағйири иқлим ба афзоиши ҳодисаҳои офатҳои табиӣ таъсир расонида, аз оқибатҳои он дар навбати аввал аҳолӣ осеб мебинад. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот ё сабуктар кардани пайомадҳои он мо ҳамаҷониба омодаем”, – таъкид дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...