Кумаки ИА ба Тоҷикистон дар бунёди тамрингоҳи воҳидҳои наҷотбахш

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси Иттиҳод оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан, ҳамзамон роҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Рустам Назарзода зарурати бунёди машқгоҳи […]

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси Иттиҳод оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан, ҳамзамон роҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Рустам Назарзода зарурати бунёди машқгоҳи Кумитаро барои омодасозии воҳидҳои наҷотбахш қайд кард. Зимнан масоили ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар ин самт баррасӣ шуд.

“Машқгоҳ натанҳо ба омода кардани наҷотбахшони Кумита, балки ба рушди мақомоти наҷотдиҳандаи Афғонистон кумаки беандоза мекунад. Масофаи тӯлонии сарҳад бо ҳамсояи ҷанубӣ, инчунин мавқеи ҷуғрофӣ ва шабоҳати офатҳои табиӣ дар манотиқи наздимарзӣ тақозо мекунад, ки наҷотбахшони кишварҳои мо огоҳии бештар ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд”, – қайд кардааст роҳбари Кумита.

Гуфта мешавад, Петер Буриан ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус, дар масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори омодагӣ кард.

“Мутаассифона, тағйири иқлим ба афзоиши ҳодисаҳои офатҳои табиӣ таъсир расонида, аз оқибатҳои он дар навбати аввал аҳолӣ осеб мебинад. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот ё сабуктар кардани пайомадҳои он мо ҳамаҷониба омодаем”, – таъкид дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.