Агентии захираҳои давлатӣ ба воридоти буққачаҳо аз Қазоқистон шурӯъ кард

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ба воридоти буққачаҳо аз Қазоқистон ва гӯшти яхшуда аз Белорус бо мақсади поинбарии нарх ба ин маҳсулот шурӯъ кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, барои танзими нарх дар бозори дохилӣ гӯшти буққачаҳои аз Қазоқистон воридшуда дар бозорҳои пойтахт фурӯхта мешавад.

“Мо ба воридоти буққачаҳои 1,5-2-сола аз Қазоқистон шурӯъ кардем. Онҳо дар ҳамин ҷо кушта ва гӯшташон дар нуқтаҳои фурӯши захираҳои давлатии бозорҳои “Меҳргон” ва “Саховат” ба фурӯш гузошта мешавад. Имрӯз як кило гӯшт дар нуқтаҳои мо 50 сомонӣ арзиш дорад. Воридоти буққача аз Украина низ пешбинӣ шудааст”, – хабар дод корманди Агентӣ Абдукарим Раҳимов.

Номбурда зикр кард, ки ҳамчунин воридоти гӯшти яхшуда аз Белорус бо нархи нисбатан арзон ба роҳ монда шудааст.

“Аллакай муддати 3-4 сол мо таҳвили гӯшти яхшударо аз Беларус роҳандозӣ кардаем. Буққачаҳо дар ҳамон ҷо харидорӣ ва кушта шуда, тамоми меъёрҳои маҳсулоти ҳалол риоя мешаванд. Дар ҳамон ҷо яхбандӣ карда, бо автомашинаҳои махсус (рефрежираторҳо) меорем. Ба ин тарз гӯшт арзонтар мешавад”, – гуфт Раҳимов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз нархи паст, аҳолӣ ба гӯшти яхшуда чандон талабот надорад.

“Як кило гӯшти яхшуда аз Белорус 44 сомонӣ нарх дорад. Бо вуҷуди ин, аҳолӣ онро хеле кам мехарад. Соли гузашта як килояшро бо арзиши 37-38 сомонӣ мефурӯхтем, ҳатто он замон ҳам намехариданд. Аз ин рӯ, ҳозир гӯшти яхшударо мо барои ниёзи муассисаҳои давлатӣ меорем”, – иброз дошт Раҳимов.

Қобили зикр аст, ки аз аввали баҳор аҳолии кишвар аз болоравии нархи гӯшт шикоят доранд. Имрӯз дар бозорҳои Душанбе ва ноҳияҳои гирду атроф нархи миёнаи як кило гӯшти гов то ба 60 сомонӣ ва гӯсфанд ҳудуди 55 сомонӣ мерасад.

Бо таҳлили ин вазъ Вазорати рушди иқтисод афзоиши талаботи аҳолиро омили асосии болоравии нархи гӯшт номид. Дар Вазорат қайд карданд, ки сабаби ин болоравии арзиши чорво дар бозорҳо мебошад, ки дар навбати худ ба нархи баланди хӯроки чорво вобаста аст.

Дар Вазорати кишоварзӣ мутмаинанд, ки ба воситаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар навъҳои гӯшт, масалан, гӯшти паррандаву харгӯш нархро метавон поин бурд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.