Радиои Озодӣ ғолибони озмунро эълон кард

Муаллифони беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯи “Деҳи ман як пораи хоки ватан” соҳиби мукофот шуданд. Озмуни мазкур моҳи июни соли ҷорӣ эълон шуда, наворҳоро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷамъ овард. Иштирокдорони он бояд дар як навори 60-сониягӣ аз табиат, одамон, зиндагӣ, мушкилот ва далелҳои ҷолиби деҳаи худ нақл мекарданд. Ҳар навор бояд ба суоли “Чаро […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Муаллифони беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯи “Деҳи ман як пораи хоки ватан” соҳиби мукофот шуданд.

Озмуни мазкур моҳи июни соли ҷорӣ эълон шуда, наворҳоро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷамъ овард. Иштирокдорони он бояд дар як навори 60-сониягӣ аз табиат, одамон, зиндагӣ, мушкилот ва далелҳои ҷолиби деҳаи худ нақл мекарданд. Ҳар навор бояд ба суоли “Чаро ҷаҳониён бояд деҳаи шуморо бубинанд?” посух медод.

Ин видеоҳо дар торнамои Радиои Озодӣ ва сафаҳоти он дар YouTube, Facebook, Instagram, Telegram ва Одноклассники нашр шуда, садҳо ҳазор нафар онҳоро тамошо карданд.

Тибқи хулосаи 13 аъзои ҳакамон, ки аз зумраи синамогарони касбӣ, шоирон ва рӯзноманигорону блогнависон буданд, видеои Файзалӣ Сафаров аз деҳаи Лайрони болои ноҳияи Сангвор беҳтарин дониста шуд. Дар маросими супоридани ҷоизаҳо, ки имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Hilton” баргузор шуд, роҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба ӯ шоҳҷоиза – видеокамера тақдим кард.

Ҷойҳоии дуввуму сеюмро Фурӯзонфар Искандаров барои навор аз деҳаи Табушн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Амрина Абдуназарова барои видео аз ноҳияи Ишкошим соҳиб шуданд. Ба онҳо планшет ва смартфон туҳфа гардид.

Радиои Озодӣ дар гузашта низ чунин озмунҳоро зери унвони “Ончӣ мебинам” ва “Хотираҳои СССР” роҳандозӣ карда, ба ғолибон ҷоизаҳо супоридааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.