Ҳалокати 7 нафар дар Афғонистон бар асари таркиш

Бар асари таркиш назди бемористони ҳукумат дар музофоти Зобули Афғонистон дастикам 7 нафар ҳалок ва 85 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора телевизиони TOLOnews хабар медиҳад. Ҳодиса тахминан соати 6-и субҳ рух дода, биноҳои маъмурӣ ва манзилҳо сахт осеб диданд. Қайд мешавад, ки назди макони таркиш бинои Раёсати миллии амният (NDS) ҷойгир буда, кормандони он […]

Бар асари таркиш назди бемористони ҳукумат дар музофоти Зобули Афғонистон дастикам 7 нафар ҳалок ва 85 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора телевизиони TOLOnews хабар медиҳад.

Ҳодиса тахминан соати 6-и субҳ рух дода, биноҳои маъмурӣ ва манзилҳо сахт осеб диданд. Қайд мешавад, ки назди макони таркиш бинои Раёсати миллии амният (NDS) ҷойгир буда, кормандони он аз таркиш осеб надидаанд.

Гуфта мешавад, аксари осебдидагон аз таркиш ба бемористонҳои хусусии музофот фиристода шудаанд.

Масъулияти ин амалро ҳаракати “Толибон” ба дӯш гирифта, зикр кард, ки ҳадафи таркиш дафтари кории NDS буд.

Рӯзи 5 сентябр бар асари таркиш дар маркази шаҳри Кобул ду низомии НАТО ҳалок шуданд, ки яке аз онҳо амрикоӣ буд. “Толибон” изҳор доштанд, ки дар ин амал ҳам даст доранд. Сипас президенти ИМА Доналд Трамп баргузории гуфтушунидҳои махфиро бо пешвоёни ҳаракат ва роҳбари Афғонистон бекор кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.