CNN аз дарёфти писари тоҷик дар Сурия хабар дод

Рӯзноманигорони CNN дар бораи зиндагӣ дар Сурия баъд аз Давлати исломӣ – созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ гузориш таҳия намуданд. Дар яке аз марказҳои эҳё ва тавонбахшӣ онҳо писарбачаи тоҷикро пайдо кардаанд, ки волидонаш дар ҷангҳои ин созмон ҳалок шудаанд. “Ал-Хол” урдугоҳест барои касоне, ки аз қаламрави зери назорати Давлати исломӣ дар қисмати шимолу шарқи Сурия ба ин ҷо […]

Рӯзноманигорони CNN дар бораи зиндагӣ дар Сурия баъд аз Давлати исломӣ – созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ гузориш таҳия намуданд. Дар яке аз марказҳои эҳё ва тавонбахшӣ онҳо писарбачаи тоҷикро пайдо кардаанд, ки волидонаш дар ҷангҳои ин созмон ҳалок шудаанд.

“Ал-Хол” урдугоҳест барои касоне, ки аз қаламрави зери назорати Давлати исломӣ дар қисмати шимолу шарқи Сурия ба ин ҷо интиқол ёфтаанд ва бо бад шудани вазъи ҳаёт, дар байни онҳо аз замони ҳукмронии Давлати исломӣ бо ҳастрат ёд мешавад”, – омадааст дар пешматни видеои CNN дар Facebook.

Писарбачаи 15-сола ҳам, бино ба маълумоти журналистон, дар сафи тахрибкорон ҷангидааст. Ӯ дар бораи гирифтани силоҳу камарбанди шаҳид ва нияти анҷоми таркиш дар пойгоҳи амрикоӣ нақл мекунад.

Гузориши 7-дақиқаӣ дар доираи лоиҳаи «Go There» таҳияву дар Facebook нашр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.