Фонди ОПЕК барои беҳбуди идоракунии захираҳои обии Хатлон 10 млн. евро ҷудо мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, созишномаро 17-уми сентябр дар шаҳри Вена вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа имзо карданд. “Маблағи умумии […]

Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон” созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, созишномаро 17-уми сентябр дар шаҳри Вена вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Фонди ОПЕК Абдулҳамид Алхалифа имзо карданд.

“Маблағи умумии лоиҳа 53,5 млн. доллар ва аз он саҳми Бонки исломии рушд – 15 млн. доллар, Фонди Саудии рушд – 25 млн. доллар, Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК – 10 млн. доллар ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон – 3,5 млн. долларро ташкил медиҳад”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молия.

Гуфта мешавад, мақсади амалисозии лоиҳа беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасии онҳо ба таъминоти об мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур охири соли 2019 оғоз шуда, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.