Радиои Озодӣ ғолибони озмунро эълон кард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Муаллифони беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯи “Деҳи ман як пораи хоки ватан” соҳиби мукофот шуданд.

Озмуни мазкур моҳи июни соли ҷорӣ эълон шуда, наворҳоро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷамъ овард. Иштирокдорони он бояд дар як навори 60-сониягӣ аз табиат, одамон, зиндагӣ, мушкилот ва далелҳои ҷолиби деҳаи худ нақл мекарданд. Ҳар навор бояд ба суоли “Чаро ҷаҳониён бояд деҳаи шуморо бубинанд?” посух медод.

Ин видеоҳо дар торнамои Радиои Озодӣ ва сафаҳоти он дар YouTube, Facebook, Instagram, Telegram ва Одноклассники нашр шуда, садҳо ҳазор нафар онҳоро тамошо карданд.

Тибқи хулосаи 13 аъзои ҳакамон, ки аз зумраи синамогарони касбӣ, шоирон ва рӯзноманигорону блогнависон буданд, видеои Файзалӣ Сафаров аз деҳаи Лайрони болои ноҳияи Сангвор беҳтарин дониста шуд. Дар маросими супоридани ҷоизаҳо, ки имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Hilton” баргузор шуд, роҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба ӯ шоҳҷоиза – видеокамера тақдим кард.

Ҷойҳоии дуввуму сеюмро Фурӯзонфар Искандаров барои навор аз деҳаи Табушн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Амрина Абдуназарова барои видео аз ноҳияи Ишкошим соҳиб шуданд. Ба онҳо планшет ва смартфон туҳфа гардид.

Радиои Озодӣ дар гузашта низ чунин озмунҳоро зери унвони “Ончӣ мебинам” ва “Хотираҳои СССР” роҳандозӣ карда, ба ғолибон ҷоизаҳо супоридааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.