Ҳафтавори “Пайк” дар Кӯлоб аз утоқи корӣ берун карда шудааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи мустақили “Пайк” аз утоқи иҷораи корӣ дар шаҳри Кӯлоб маҳрум шудааст. Муассиси нашрия чунин вазъро ба чопи мақолаҳои танқидӣ рабт медиҳад, вале мақомот ин иддаоро рад мекунанд.

Сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ду мақолаи танқидӣ сабаб шуд, ки онҳоро аз утоқи кориашон дар бинои Бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб берун карданд.

Ба қавли ӯ, пас аз чанд муддати нашри мақолаи “Бахши ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб бо % қарз мегирад”, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ба масъулини Бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дастур додааст, ки “онҳоро аз утоқи корӣ пеш кунед”.

“Дар ин мақола рӯзноманигор мехост бифаҳмад, ки чаро Бахши кор бо ҷавонони Кӯлоб маблағро саривақт аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нагирифта, барои ҷуброни шартнома аз саррофони кӯча бо фоиз қарз мегирад? Ин фоизҳоро онҳо аз куҷо пардохт мекунанд? Дар ҳоле, ки буҷаи ин бахш солона аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасдиқ мешавад”, – иброз дошт Аҳмади Иброҳим.

Маркази дӯзандагӣ ба ҷойи ҳафтанома

Аммо сардори Бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб Зайниддин Давлатзода зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба ин қазия гуфт:

“Не, ин хел нест. Аз ҷониби кумита ба мо супориш шуд, ки курсҳои омӯзишӣ ва маркази дӯзандагӣ кушоем. Бинобар нарасидани ҷой мо аз масъулини ҳафтаномаи “Пайк” хоҳиш кардем, утоқро холӣ кунанд. Мо ба онҳо муҳлат додем, то ҷойи мувофиқ ёбанд”.

Хабарнигору нашрияро ба додгоҳ мекашанд?

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, фишор баъд аз нашри мақолаи “Масхарабозӣ дар нишастҳои матбуотӣ” то имрӯз давом дошту дорад. Вай афзуд, ки раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода дар ҳузури шахсони дигар ба ман бо таҳдид гуфта буд: “Пас аз сафари Пешвои миллат ба Кӯлоб хабарнигор Аслиддин Достиевро бо газета якҷо ба суд медиҳам”. Як масъули баландпоя низ он ҷо буд, ки номи ӯро дар мавриди зарурӣ ошкор менамоям”, – афзуд сармуҳаррири “Пайк”.

Ба гуфтаи ӯ: “Мансабдорон танқидро хеле бо дард қабул мекунанд. Онҳо бояд пас аз нашри маводи танқидӣ аз пайи ислоҳи камбудӣ шаванд. Аммо баръакс бар зидди ҳафтанома хестанд ва газетаро “Кайк” номиданд”.

Мақомот: “Таҳдидҳо асоси воқеӣ надоранд”

Дар ин маврид мудири бахши бойгонӣ-матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шокирҷони Карим мегӯяд, таҳдидҳо пас аз интишори мақолаи “Масхарабозӣ дар нишастҳои матбуотӣ” асоси воқеӣ надоранд.

“Бинобар сабаби дар бинои Бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб камбуди ҷой ва кушодани курсҳои омӯзишӣ ва маркази дӯзандагӣ ба онҳо пешниҳод карданд, то барои худ ҷойи мувофиқ ёбанд. Оид ба мақолаи танқидӣ чунин мегӯям, ки дар он ҷо аксарият журналистони шаҳри Кӯлоб ва минтақа иштирок карда буданд. Мумкин бо баъзе сабабҳо раиси шаҳр дер карда бошанд. Вале нишасти матбуотӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд”, – гуфт Шокирҷони Карим.

Кормандони ҳафтаномаи “Пайк” феълан дар як бинои кӯҳна маскан гирифтаанд. Аҳмади Иброҳим мегӯяд, агар моро аз ин ҷо ҳам берун кунанд, дар кӯча зери дарахт нишаста, корамонро давом медиҳем. То замони масъулият ҳис кардани онҳо, ба истилоҳи худашон, мисли кайк ба танашон неш мезанем. Онҳо бояд хизматгори мардум бошанд.

Ба суоли “Оё ба мақомоти болоӣ ё додгоҳ шикоят мекунед?” ӯ чунин ҷавоб дод:

“Ба ягон ҷо шикоят намекунам. Танҳо бо қалами худ мубориза хоҳем бурд. Фишорҳо ба ҳафтавор хеле зиёданд, аммо ҳафтаномаи “Пайк” аз онҳо наметарсад”. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...