Тахриби ду мошини ҷангӣ дар тамринҳои “Марказ-2019”

Ҳангоми ба замин партофтани техникаи ҳарбии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ аз ҳавопаймои Ил-76 дар тамринҳои низомии “Марказ-2019” дутои онҳо осеб диданд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми сентябр рух дод. Дар майдони фурудоӣ ба замини вилояти Оренбург чатр (парашют)-и боз нашудааст. “Дар натиҷаи ин ноқисии чатрҳо ҳангоми ба замин бархӯрдан мошинҳо осеб диданд”, – гуфтаанд […]

Asia-Plus

Ҳангоми ба замин партофтани техникаи ҳарбии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ аз ҳавопаймои Ил-76 дар тамринҳои низомии “Марказ-2019” дутои онҳо осеб диданд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи 20-уми сентябр рух дод. Дар майдони фурудоӣ ба замини вилояти Оренбург чатр (парашют)-и боз нашудааст.

“Дар натиҷаи ин ноқисии чатрҳо ҳангоми ба замин бархӯрдан мошинҳо осеб диданд”, – гуфтаанд дар вазорат.

Зикр шудааст, ки “ба замин партофтани техника бе ҳайат (экипаж)-и онҳо анҷом дода шудааст”. Дар натиҷа аз ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Комиссияи ҳайати фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоӣ-десантӣ айни замон дар ҳамдастӣ бо намояндагони бахши саноат сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Тамринҳои низомии ҳайати фармондеҳӣ ва ситоди “Марказ-2019” (Центр-2019) аз 16 то 21 сентябр доир гардиданд. Дар он наздики 128 ҳазор низомиён аз 8 кишвар – Русия, Чин, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок карда, ба машқҳо беш аз 20 ҳазор техникаи ҳарбӣ ва наздики 600 дастгоҳи парвозкунанда сафарбар шуданд.

Тоҷикистонро халабонҳои ҳарбӣ, сарбозону афсарони нерӯҳои хушкигард ва зудамал – ба сурати умум ҳудуди се взводи Вазорати мудофиаи кишвар намояндагӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...