Ҳалокати 4 кас дар роҳҳои Тоҷикистон

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар роҳҳои кишвар  бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд. Субҳи 21-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Собир Бекматови 25-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Зори Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” таҳти идораи Зувайдулло Бӯрихонови 33-сола, сокини ноҳияи […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар роҳҳои кишвар  бар асари садамаҳои нақлиётӣ 4 нафар ҳалок шуданд.

Субҳи 21-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Собир Бекматови 25-сола, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Зори Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” таҳти идораи Зувайдулло Бӯрихонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони “Опел-Астра” Бӯрихон Темуров ва ноболиғ Ёсамин Бекматова (соли таваллуд 2019) ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳолиса фавтидаанд.

Ҳар ду ронанда ва се мусофири “Опел-Астра”, аз ҷумла, Шукрона Бекматоваи дусола бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода Муродалӣ Ҷӯраеви 38-сола аз уҳдаи идораи трактор набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҷӯрабек Асомиддинови 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз дар роҳи мошингарди “Бӯстон – Азизобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Ҳалим Саидзодаи 39-сола идораи воситаи нақлиётиро аз даст дода, ба симчӯби барқ бархӯрда, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.