Дар Гран-прии Тошканд Беҳрӯз Хоҷазода ба касби медали нуқра шарафёб гардид

Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Руссия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва […]

Asia-Plus

Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Руссия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва Шведсия (Томмӣ Макиас) дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Ҳикматулло Тӯраев мағлуб гашт.

Гутф мешавад, Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи Гран-прии Тошканд – Муҳаммад Маҳмадиев, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Садр Боев, Шаҳбоз Саидаброров, Яқубҷон Боқиев, Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ба гирифтани ҷоизаҳо ноил нагардиданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқваи Гран-прии Тошканд марҳилаи навбатии силсилаи IJF World Judo Tour мебошад. Дар мусобиқа 418 нафар варзишгарон аз 69 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.