Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 44 кило пахта чид

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон рӯзи якшанбеи 22-юми сентябр ҳудуди 3 ҳазор нафар кормандони корхонаю идораҳои давлатӣ ба кумаки пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ баромаданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода низ ба пахтазор баромада, дар қатори дигар кормандони корхонаю идораҳои давлатӣ то нисфирӯзӣ 44 кг пахта чидааст.

Гуфта мешавад, Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо пахтакорони ҷамоати Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ иброз доштааст, ки баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосили пахта бояд тамоми қувваро сафарбар кард.

Раиси вилоят ҳамчунин аз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ даъват кард, ки дар даври дуюми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта фаъолона ширкат варзанд. Барои ноҳияе, ки дар ин мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб мешавад, дар ибтидои моҳи октябр 15 ҳазор сомонӣ ҷоиза дода хоҳад шуд.

Қайд мешавад, ки раиси вилоят ба хотири саривақт ҷамъ овардани ҳосили пахта иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон кардааст. Он то 16-уми ноябр идома меёбад.

Қурбон Ҳакимзода дар майдони пахтазор бо намояндагони ширкати ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Синсилу”, ки дар ноҳияи Дӯстӣ ба кишту коркарди пахта машғуланд, суҳбат кард.  Намояндагони ин ширкат хабар доданд, ки дар майдони 2 ҳазору 243 гектар замин пахта киштанд ва алъон ҷамъоварии он босуръат идома дорад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода, то 22-юми сентябр дар ноҳия 145 тона пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст. Майдони умумии кишти пахта 7 ҳазору 48 гектар ва нақшаи истеҳсол 15,9 ҳазор тонна мебошад. То имрӯз кишоварзони ноҳия 6,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки 40%-и нақшаро ташкил медиҳад.

“Имсол дар ноҳия ҳосили пахта фаровон аст, вале мушкили норасоии қувваи корӣ ба чашм мерасад. Дар ин бора мо ба раиси вилоят маълумот додем. Бо роҳбарии ӯ ҳудуди 3 ҳазор нафар кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ ба кумаки мо омаданд. Барои ҳашарчиён аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят хӯроки гарми яквақта ташкил шуд”, – гуфт Саидзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...