Кадомаш дуруст: Янгибозор, Орҷоникидзеобод, Кофарниҳон ё Ваҳдат?

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номи бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иваз шуд. Дар зер рӯйхати пурраи онҳоро манзуратон мегардонем ва бовар дорем, ки ин дар сарфаҳм рафтан ба номи имрӯзаи шаҳру ноҳияҳо ба шумо кумак хоҳад кард. Шаҳри Душанбе Ноҳияи Роҳи Оҳан – номаш ба ноҳияи Шоҳмансур иваз шуд Ноҳияи Октябр – ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ноҳияи Марказӣ […]

Asia-Plus

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номи бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иваз шуд. Дар зер рӯйхати пурраи онҳоро манзуратон мегардонем ва бовар дорем, ки ин дар сарфаҳм рафтан ба номи имрӯзаи шаҳру ноҳияҳо ба шумо кумак хоҳад кард.

Шаҳри Душанбе

Ноҳияи Роҳи Оҳан – номаш ба ноҳияи Шоҳмансур иваз шуд

Ноҳияи Октябр – ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Ноҳияи Марказӣ – ноҳияи Фирдавсӣ

Ноҳияи Фрунзе –  ноҳияи Сино

Ноҳияҳои тобеи марказ

ш. Орҷоникидзеобод (баъдан – Кофарниҳон) – акнун ш. Ваҳдат

Ноҳияи Ғарм – ноҳияи Рашт

Ноҳияи Ленин – ноҳияи Рӯдакӣ

Ноҳияи Тавилдара  – ноҳияи Сангвор

Ноҳияи Ҳисор – ш. Ҳисор

Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш

Ноҳияи Комсомолобод (Дарбанд) – ноҳияи Нуробод

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноҳияи Қалъаи Хумб – Ноҳияи Дарвоз

Вилояти Суғд

Вилояти Ленинобод – Вилояти Суғд

ш. Ленинобод – ш. Хуҷанд

ш. Ӯро-Теппа –  ш. Истаравшан

ш. Табошар – ш. Истиқлол

ш. Қайроқум – ш. Гулистон

ш. Чкаловск – ш. Бӯстон

Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич

Ноҳияи Нов – ноҳияи Спитамен

Ноҳияи Пролетар – ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ноҳияи Хуҷанд – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ (то соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Айнӣ) феълан – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Вилояти Хатлон

Вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа – Вилояти Хатлон

ш. Қӯрғонтеппа – ш.Бохтар

ш. Калининобод (ш. Сарбанд) – ш.Леваканд

ш.Восеъ – ш.Ҳулбук

Ноҳияи Бохтар – ноҳияи Кӯшониён

Ноҳияи Октябр (Коммунистӣ) – ноҳияи Бохтар – ноҳияи Кӯшониён

Ноҳияи Куйбишев (Хоҷамастон) – ноҳияи Ҷомӣ

Ноҳияи Колхозобод (Ҷ.Румӣ) – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ноҳияи Илич – ноҳияи Ғозималик – ноҳияи Хуросон

Ноҳияи Москва – ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Ноҳияи Ленинград – ноҳияи Муъминобод

Ноҳияи Совет – ноҳияи Темуралик

Ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ

Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун

Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Бешкент (қаблан дар ҳайати ноҳияи Шаҳритӯс) – ноҳияи Носири Хусрав.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.