Бозгашти мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба ватан

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) соати 2-и имшаб аз Дубай ба Душанбе бармегардад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисон ва дӯстдорони футболро ба пешвози гарму самимонаи онҳо, ки бо ҳунарнамоии худ дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар Урдун ба тамоми аҳолии мамлакат эҳсоси хушу гуворо ва фараҳмандӣ бахшиданд, даъват мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд. Футболбозони мо 4 вохӯрӣ гузарониданд ва дар ҳамаи бозиҳо бо ҳисоби калон ғолиб гардида, 12 имтиёзи имконпазир ба даст оварданд.

Ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифтанд.

Чор дастаи зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтарин байни гурӯҳҳо – Яман, Индонезия, Ӯзбекистон ва Уммон низ роҳхати Чемпионати Осиёро ба даст оварданд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори чорум ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Дастаи наврасони кишвар солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар ин мусобиқот ширкат варзиданд. Натиҷаи беҳтарини онҳо медали нуқраи соли 2018 дар Малайзия аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...