Бозгашти мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба ватан

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) соати 2-и имшаб аз Дубай ба Душанбе бармегардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисон ва дӯстдорони футболро ба пешвози гарму самимонаи онҳо, ки бо ҳунарнамоии худ дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар Урдун ба тамоми аҳолии мамлакат эҳсоси хушу гуворо ва фараҳмандӣ бахшиданд, даъват мекунад. Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа […]

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) соати 2-и имшаб аз Дубай ба Душанбе бармегардад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисон ва дӯстдорони футболро ба пешвози гарму самимонаи онҳо, ки бо ҳунарнамоии худ дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар Урдун ба тамоми аҳолии мамлакат эҳсоси хушу гуворо ва фараҳмандӣ бахшиданд, даъват мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд. Футболбозони мо 4 вохӯрӣ гузарониданд ва дар ҳамаи бозиҳо бо ҳисоби калон ғолиб гардида, 12 имтиёзи имконпазир ба даст оварданд.

Ба даври финалии Чемпионати Осиё, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ – Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифтанд.

Чор дастаи зинаи дуюм бо натиҷаҳои беҳтарин байни гурӯҳҳо – Яман, Индонезия, Ӯзбекистон ва Уммон низ роҳхати Чемпионати Осиёро ба даст оварданд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори чорум ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Дастаи наврасони кишвар солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар ин мусобиқот ширкат варзиданд. Натиҷаи беҳтарини онҳо медали нуқраи соли 2018 дар Малайзия аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.