Имзои Эъломияи таърихӣ байни кишварҳои созмони Ҳамкории минтақавии иқтисодии ОМ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нӯҳ кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ғарбӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон баёния таърихиро ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории фаромарзӣ оид ба масоили энергетикӣ суръат бахшида, минтақаро ба таъсиси бозори энергетикӣ боз як қадам наздиктар месозад.

Санад аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои Муколамаи вазирони кишварҳои узви созмони Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар Тошканд ба имзо расид.

Намояндагони Бонки осиёии рушд, ки Котиботи ЦАРЭС мебошад, зикр карданд, Эъломия минтақаро ба роҳи ислоҳоти сареътар бо иштироки васеи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, густариши робита ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар соҳаи энергетика, нияти қотеонаи истифодаи энергияи барқароршаванда ва технологияҳои тоза равона месозад.

Вазирон инчунин стратегияи нави энергетикии ЦАРЭС-ро барои 10 соли минбаъда маъқул шуморданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои минтақа – ояндаи бехатари энергетикӣ ба сифати харитаи роҳ хизмат мекунад.

Зикр гардид, ки барои таъмини идомаи рушди энергетика дар минтақа ва қонеъ сохтани талаботи дар ҳоли афзоиш ба захираҳои энергетикӣ, минтақаро лозим аст, иқтидори ҷории низоми энергетикиро ду баробар зиёд кунад. Афзоиши иқтидорҳо сармоягузории назаррасро тақозо мекунад, ки то соли 2030 дар маҷмӯъ наздики 400 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд соли 2001 таъсис дода шуд. Озарбйҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Чин, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кишварҳои узви Барнома мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...