Имзои Эъломияи таърихӣ байни кишварҳои созмони Ҳамкории минтақавии иқтисодии ОМ

Нӯҳ кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ғарбӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон баёния таърихиро ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории фаромарзӣ оид ба масоили энергетикӣ суръат бахшида, минтақаро ба таъсиси бозори энергетикӣ боз як қадам наздиктар месозад. Санад аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои […]

Нӯҳ кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ғарбӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон баёния таърихиро ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории фаромарзӣ оид ба масоили энергетикӣ суръат бахшида, минтақаро ба таъсиси бозори энергетикӣ боз як қадам наздиктар месозад.

Санад аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои Муколамаи вазирони кишварҳои узви созмони Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар Тошканд ба имзо расид.

Намояндагони Бонки осиёии рушд, ки Котиботи ЦАРЭС мебошад, зикр карданд, Эъломия минтақаро ба роҳи ислоҳоти сареътар бо иштироки васеи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, густариши робита ва табодули таҷриба миёни кишварҳо дар соҳаи энергетика, нияти қотеонаи истифодаи энергияи барқароршаванда ва технологияҳои тоза равона месозад.

Вазирон инчунин стратегияи нави энергетикии ЦАРЭС-ро барои 10 соли минбаъда маъқул шуморданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои минтақа – ояндаи бехатари энергетикӣ ба сифати харитаи роҳ хизмат мекунад.

Зикр гардид, ки барои таъмини идомаи рушди энергетика дар минтақа ва қонеъ сохтани талаботи дар ҳоли афзоиш ба захираҳои энергетикӣ, минтақаро лозим аст, иқтидори ҷории низоми энергетикиро ду баробар зиёд кунад. Афзоиши иқтидорҳо сармоягузории назаррасро тақозо мекунад, ки то соли 2030 дар маҷмӯъ наздики 400 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Бонки осиёии рушд соли 2001 таъсис дода шуд. Озарбйҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Чин, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кишварҳои узви Барнома мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.