Наҷоти ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи русиягӣ дар кӯҳҳои Фон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22-юми сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимоли кишвар анҷом доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, занги даъват ба кумаки кӯҳгардони гумшуда – А.В.Кудрини 58-сола, сокини шаҳри Нижний Новгород ва ҳамсафари вай хонум Л.И.Писарчуковскаяи 39-сола, сокини шаҳри Владикавкази Федератсияи Русия аз ҷониби сарвари ин гурӯҳ Константин Гарнага расидааст.

“Вай хабар дод, ки ду узви ин гурӯҳ бо мақсади дидани қаторкӯҳ рафтанд ва дар вақти муайяншуда иртибот накарданду ҳамоно тамос бо ин ду нафар вуҷуд надорад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ як гурӯҳи махсус  даст ба кор шуда, аз роҳе, ки онҳо оғоз карда буданд, фарози кӯҳ баромад.

“Корҳои наҷотбахшӣ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи урдугоҳи кӯҳнавардии “Артуч” сурат пазируфта, баъд аз 19 соати ҷустуҷӯ кӯҳгардони рус пайдо ва то ба урдугоҳашон оварда шуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ниёз ба ёрии тиббӣ надоранд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар ин амалиёт панҷ наҷотдиҳанда ва як техника ҷалб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...