Тоҷикистон муҳоҷиронро дар Қатар бо кор таъмин карданист. Лекин коргарон дар он ҷо лозим нестанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Давҳа масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин кардани муҳоҷирони тоҷик дар Қатар баррасӣ мешавад. Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хисрав Соҳибзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қатарро оид ба танзими қувваи корӣ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имкони танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд.

Созишнома байни ҳукуматҳри ду кишвар дар бораи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар моҳи феврали соли 2019 ба имзо расид

Дар Вазорати меҳнати Тоҷикистон қаблан зикр карда буданд, ки дар сохтмони иншооти Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2022  дар Қатар бештари коргарон аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ фаъолият доранд ва Қатар захираҳои меҳнатиро аз Тоҷикистон танҳо ба корҳои тиҷорат дар меҳмонхонаҳо, бахши алоқа, посбонӣ, хизматрасонӣ ба воситаҳои нақлиёт ва IT-технологияҳо ҷалб карда метавонад.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, ба Қатар фиристодани коргарон на тариқи ширкатҳои хусусӣ, балки тавассути Агентии шуғли назди Вазорати меҳнат бар асоси дархости корфармоҳои ин кишвар сурат мепазирад.

Имзои шартнома байни корфармо ва коргар мувофиқи Кодекси меҳнати Қатар дар назар аст. Қатар ба Тоҷикистон рӯйхати мутахасисонеро медиҳад, ки ба он талабот вуҷуд дорад. Дар навбати худ Тоҷикистон онҳоро омода ва ба Қатар мефиристад. Дар созишнома аз ҷониби корфармо пардохт шудани харҷи роҳ, суғурта, таъмин бо манзил, ҳамчунин фароҳам овардани шароити хуби кор пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...