Чаро депутатҳо ба шанбегӣ намебароянд? Шикояти омӯзгорони Душанбе ба Рустами Эмомалӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Омӯзгорони шаҳри Душанбе аз раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дархост намудаанд, ки нисбати шахсони масъул, ки рӯзҳои якшанбе муаллимонро ба кор ҷалб мекунанд, чораҷӯӣ шавад.

Дар гурӯҳи «Педагоги Таджикистана» дар Facebook Рустам Шокиров зери унвони “Дар Душанбе рӯзҳои якшанбе омӯзгоронро истисмор мекунанд!” (В Душанбе эксплуатируют учителей по воскресеньям!) навиштае ба нашр расонида, изҳор доштааст, ки ин маводро бо хоҳиши худи омӯзгорон чоп кардааст, зеро онҳо метарсанд, ки дар сурати аз ҷониби худи онҳо гузоштани он аз кор озод карда мешаванд.

“Омӯзгорони бечора (аксарият – занон) ба рӯбучину тозакунии боғу гулгашт, ва наҳру ҷӯйҳо машғуланд, ҳатто аз ҳисоби худашон барои иҷрои кори ҷисмоние, ки пардохт намешавад, ба Варзоб бурда мешаванд! Чаро дигарон ба ҷойи муаллимон намераванд?! Масалан, вакилон (депутатҳо), кормандони БДА, бонкҳо, вазорату идораҳо ва дар ниҳояти кор, худи кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ?!”, – менависад ӯ.

Ин масъала дар саҳифаҳои тоҷикии шабакаи Facebook мавриди баҳси гарму ҷӯшон қарор гирифт. Норозиҳо хеле бисёранд.

Дар ҳамин ҳол, расман ва мувофиқи қонун, агар муаллимонро ба кори берун аз мактаб ҷалб кунанд, маблағи он бояд пардохт ё ба онҳо дар вақти дигар рӯзи истироҳат дода шавад.

– Моддаи 8-и Кодекси меҳнат кори маҷбуриро манъ кардааст. Муаллимон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ дар ин маврид пеш аз ҳама, ба Комиссияи ҳуқуқи башар ҷиҳати дастгирии ҳуқуқии касбӣ ва ҳамчунин бо шикоят аз кори маҷбурӣ ба прокуратура муроҷиат карда метавонанд, – мегӯяд роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев. – Прокуратура пас аз санҷиш вобаста ба хусусияти вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ қарор қабул мекунад.

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос, мувофиқи сархати 3, моддаи 35 Конститутсияи Тоҷикистон, ҳеҷ касе ба кори маҷбурӣ ҷалб шуда наметавонад, ба ҷуз ҳолатҳои дар қонун муайяншуда. Қонунгузорӣ дар бораи меҳнат меъёрҳои ҳатмие чун “шанбегӣ” ё “якшанбегӣ” надорад.

Қобили зикр аст, ки як ҳафта пеш боз ҳам дар шабакаи тоҷикии Facebook, аз ҷумла дар гурӯҳи “Мы Таджикистанцы” масъалаи ҷалби хонандагони мактаб ба чунин “шанбегӣ”-ҳо баррасӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...