Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек, аз ҷумла овозхони шинохтаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова гала-консерт баргузор мешавад; – Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода […]

АНОНС

– Дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек, аз ҷумла овозхони шинохтаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова гала-консерт баргузор мешавад;

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Идомаи Ҳафтаи кинои Ҳиндустон дар Душанбе. Намоиши филмҳо дар кинотеатри “Зебуннисо” соати 16:30 баргузор мешавад. Воридшавӣ бепул аст;

– Дар доираи омодагӣ ба мусобиқа Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Дубай бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои рафиқона мегузаронад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.6725 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.15115сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — СММ ҷиҳати ба Тоҷикистон ҷудо кардани 34,7 млн. доллар кумаки таъҷилии ғизойӣ ба кишварҳои мададрасон муроҷиат намуд.

2018 — Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дубора барқарор намудани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳории хонандагон мактабҳои таҳсилоти умумӣ қарор қабул кард.

1951 – Зодрӯзи нависанда Неъматулло Худойбахш.

1952 – Мавлуди мутахассиси бахши урология Абдурасул Ғафуров.

1952 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Абдусамад Дӯстов.

1956 – Мавлуди олим Давлаталӣ Холов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.