Ихроҷи 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар доираи амалиёти “Нелегал-2019” 31 нафар шаҳрвандони хориқӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ ва 145 нафар қонуншиканон ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории санҷишҳои муштарак масъалаҳои бақайдгирӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, раводид, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор гирифт.

“Дар се марҳилаи баргузоргардида 3798 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, 800 корхонаву ташкилот ва маконҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 136 иншооти сохтмонӣ, ки 725 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият доранд, 70 корхонаи истеҳсолӣ, 336 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати 145 нафар вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ ва аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Нелегал” ҳамасола бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гузаронида мешавад. Кормандони ВКД, КДАМ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба ин амалиёт сафарбар мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...