Ихроҷи 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон

Дар доираи амалиёти “Нелегал-2019” 31 нафар шаҳрвандони хориқӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ ва 145 нафар қонуншиканон ҷарима шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории санҷишҳои муштарак масъалаҳои бақайдгирӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, раводид, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор гирифт. “Дар се марҳилаи баргузоргардида […]

Дар доираи амалиёти “Нелегал-2019” 31 нафар шаҳрвандони хориқӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ ва 145 нафар қонуншиканон ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории санҷишҳои муштарак масъалаҳои бақайдгирӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, раводид, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор гирифт.

“Дар се марҳилаи баргузоргардида 3798 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, 800 корхонаву ташкилот ва маконҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 136 иншооти сохтмонӣ, ки 725 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият доранд, 70 корхонаи истеҳсолӣ, 336 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати 145 нафар вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ ва аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Нелегал” ҳамасола бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гузаронида мешавад. Кормандони ВКД, КДАМ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба ин амалиёт сафарбар мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.