«Ҳақ бар ҷониби ман аст». Бозгашти Дилшод Назаров ба Душанбе

Date:

Қаҳрамони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров аз Қатар ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар Қатар мебоист дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекард.

Номбурда пас аз бозгашт ба Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки ояндаи наздик дар бораи айбдор шуданаш ба истеъмоли допинг изҳорот нашр мекунад. Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки барои сари як қарор омадан, ба ӯ вақт лозим аст.

“Дӯстони гиромӣ. Шумо шояд огаҳед, ки ба ман намояндагӣ аз кишварамро манъ карданд. Ман дар чемпионати ҷаҳон ширкат варзида наметавонам, зеро ба истеъмоли маводи манъшуда гумонбарам. Илтимос, ба ман каме вақт диҳед, ки сари як қароре оям. Намехоҳам ба эҳсосот дода шавам, далел пешниҳод кардан мехоҳам. Ояндаи наздик изҳоротамро нашр мекунам. Ҳақ бар ҷониби ман аст”, – навиштааст Дилшод Назаров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон барканор карда шуд.

Пас аз санҷиши дубораи допинг дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринабол ёфт шудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми сентябр дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шуд.

“Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки ман ҳамеша ҷонибдори варзиши пок буда, ҳамаи ҷоизаҳоям ҳалол ба даст оварда шудаанд! Бо ҳамаи мақомоти марбутаи варзишӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунам, то ки бегуноҳиам исбот шавад ва бо ин мақсад адвокати маъруфи аврупоиро ҷалб кардам”, – қаблан изҳор дошта буд Дилшод Назаров дар робита ба ин масъала.

Рӯзи 26-уми сентябр дар Қатар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз гардид, ки Дилшод Назаров дар он мебоист барои роҳхати олимпӣ мубориза мебурд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...