Валиаҳди Арабистони Саудӣ масъулияти рӯйдоди қатли Хошуқчиро ба дӯш гирифт

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ масъулияташро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ дар шаҳри Истамбули Туркия эътироф кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи валиаҳд, қатли рӯзноманигор "under his watch" – "таҳти назорати вай" – сурат гирифтааст. Дар ин бора рӯзноманигор Мартин Смит хабар додааст. Мусоҳибаи комили валиаҳд рӯзи 1 октябр нишон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ масъулияташро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ дар шаҳри Истамбули Туркия эътироф кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи валиаҳд, қатли рӯзноманигор "under his watch" – "таҳти назорати вай" – сурат гирифтааст. Дар ин бора рӯзноманигор Мартин Смит хабар додааст. Мусоҳибаи комили валиаҳд рӯзи 1 октябр нишон дода хоҳад шуд.

"Масъулияти рӯйдодро ман ба дӯш мегирам", – гуфтааст валиаҳд. Вале вай меафзояд, аз амалиёти қатли Хошуқчӣ огоҳ набуд.

Ҷамол Хошуқчӣ, ки аз мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ буд, моҳи октябри соли 2018 кушта шуд, аммо ҷасади вай то кунун пайдо нагардидааст. Вай барои дарёфти ҳуҷҷат ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул рафт ва дигар берун наомад. Бо гузашти чанд рӯз мақомоти Арабистони Саудӣ эътироф карданд, ки Хошуқчӣ дар ҳудуди намояндагии дипломатӣ фавтидааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, Хошуқчӣ дар натиҷаи задухӯрд бо кормнадони консулгарӣ фавтид. Аммо мақомоти махсуси Туркия хабар доданд, ки Хошуқчӣ кушта шудааст. Ҷониби Туркия гуфт, дар куштори вай 11 кас даст дорад: онҳо Истамбулро тарк карда, то кунун ба тафтишот таслим нашудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.