Ба қарори низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон Жогорку Кенеш муҳри махфӣ гузошт

Asia-Plus

Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи маълумоти ҳукумат оид ба низоъ дар қитъаи номуайяни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қарор қабул кард.

Вакилон маълумотро дар бораи муноқиша баррасӣ карда, ба ин санад муҳри “махфӣ” гузоштанд, ки ифшои он манъ аст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумат ба гуфтушунидҳо дар мавриди суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад идома медиҳад. Вакилон ин масъаларо зери назорат мегиранд.

Кори ҳукуматро Жогорку Кенеш ба сурати умум қаноатбахш арзёбӣ карда, як қатор эродҳо гирифтааст. Аъзои комиссияи таъйин ва аломатгузорӣ ваъда додаанд, ки онҳоро ба инобат мегиранд.

Гуфтушуниди охир, ки дар бораи натиҷаҳояш хабар дода шуд, рӯзи 18-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, доир гардид.

Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.

Дар қаламрави ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ гуфтушунидҳо доир гардиданд, аммо аз натиҷаҳои онҳо маълумот дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ низомӣ ва занону ду кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...