Боздошти ронанда баъд аз нашри шикоят дар Facebook

Як сокини пойтахт бо нашри матлаб дар Facebook аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, рақами қайди давлатиаш 5438 ВК 01 дар кӯчаи А.Деҳотӣ шикоят кардааст. Ӯ зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ронандаи он чораҳои қонунӣ андешида шавад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин […]

Як сокини пойтахт бо нашри матлаб дар Facebook аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, рақами қайди давлатиаш 5438 ВК 01 дар кӯчаи А.Деҳотӣ шикоят кардааст.

Ӯ зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ронандаи он чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин муроҷиат аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯйӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи ин воситаи нақлиётӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Субҳон Каримов, соли таваллудаш 1974 мебошад. Зимни санҷиш ошкор карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф карда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст.

Бо назардошти ҳолати мазкур, автомашинаи дар расм инъикосшударо ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳозир карданд. Нисбат ба соҳиби он барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои минбаъд роҳ надодан ба чунин қонуншиканӣ огоҳониданд.

Ҳамчунин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш кардааст, ки дар сурати шоҳиди кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ муроҷиат кунанд.

Почтаи электронӣ: [email protected]

Саҳифаи расмӣ дар Facebook: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221 15 00

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.