Корманди Агентии суғурта 333 ҳазор сомонӣ нафақаро аз худ кардааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ба маблағи махсусан калон корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дастгир шудааст.

Айбдоршаванда Расулова Майсара Бобораҷабовна дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ бар хилофи талаботи қонунгузории Тоҷикистон оид ба таъин ва пардохти нафақа амал намуда, давоми солҳои 2017-2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии беш аз 333 ҳазор сомониро аз худ кардааст.

Номбурда ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифтааст ва ба манфиати шахсии худ харҷ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Расулова М.Б. бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.   

Нисбат ба айбдоршаванда  бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мeҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, такроран содир шудааст) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...