Корхонаҳои фоидаовар дар Тоҷикистон боз камтар шуданд

Аз шумори умумии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳиссаи корхонаҳои фоидаовар дар нимсолаи аввал 48,6%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад. Дар идораи омор таъкид мекунанд, корхонаву ташкилотҳои фоидаовар дар ҳамин давраи соли гузашта ба 52,9% баробар буд. Қайд мешавад, ки корхонаву ташкилотҳои зиёновар дар ин давра 30,8%-ро ташкил додааст. […]

Аз шумори умумии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ҳиссаи корхонаҳои фоидаовар дар нимсолаи аввал 48,6%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Дар идораи омор таъкид мекунанд, корхонаву ташкилотҳои фоидаовар дар ҳамин давраи соли гузашта ба 52,9% баробар буд.

Қайд мешавад, ки корхонаву ташкилотҳои зиёновар дар ин давра 30,8%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои аз ҳама бештар зиёновар дар соҳаи саноати коркард (17,2% аз шумори умумии корхонаҳо), савдо (15,4%), сохтмон (14,2%), ҳамчунин дар бахшҳои нақлиёт, анбор ва алоқа (6,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар аввали нимсолаи дуюм ҳаҷми умумии қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда ба беш аз 60 млрд. 856,1 млн. сомонӣ (наздики 6,3 млрд. доллар) расидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тӯли нимсолаи аввал 146 корхона ва коргоҳи нав дар ҷумҳурӣ ба кор даромада, зиёда аз 180 чунин иқтидорҳо аз фаъолият бозмондаанд.

Давоми 6 моҳи соли равон 2 ҳазору 138 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда (ҳамроҳ бо корхонаҳои хурд) дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумат ҳанӯз аввали соли ҷорӣ дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.

Мувофиқи ин дастур, ба иҷрои ин қарор бояд Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута машғул мешуданд.

Ҳамчунин тибқи санади мазкур ба ин кор мебоист корхонаҳои бузурге чун “Барқи тоҷик”, Ширкати алюминии тоҷик, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷик Эйр”, корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон ва ғайра ҷалб мешуданд.

Байни корхонаҳи Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи бештар дорад, ки ҳаҷми умумии он дар аввали соли ҷорӣ ба 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млрд. доллар) баробар шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.