Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00; – Дар Минск ҷаласаи Шӯрои коршиносони кишварҳои узви ИДМ оид ба мушкилоти диабет доир мегардад; – Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт даври финалии мусобиқаи шҳмотбозӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар мусобиқа 8 даста – 2-тогӣ аз […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Минск ҷаласаи Шӯрои коршиносони кишварҳои узви ИДМ оид ба мушкилоти диабет доир мегардад;

– Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт даври финалии мусобиқаи шҳмотбозӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар мусобиқа 8 даста – 2-тогӣ аз Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин дастаҳои ВМКБ ва вилояти Суғд иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6844 сомонӣ;

1 евро – 10.5502 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1490 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.

1937 – Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.

1960 – Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).

2009 — Парлумони Тоҷикистон Қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

2010 — Президенти Тоҷикистон бо мукофоти олии Академия тиббии Русия – Медали тиллои Блохин сарфароз гардонида шуд.

2013 — Бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақби «Чормағзак» дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб боз шуд.

2013 — Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тасдиқ намуд.

1933 – Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.

1937-2011 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.

1946-1994 – Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.

1949 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.

1951 – Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.

1952-2001 – Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.

1960 – Мавлуди нависанда Маҷид Салим.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 1 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.