Ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барномаи пешгирии фарбеҳӣ ҳисобот доданд

Asia-Plus

Рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Сипас аъзои ҳукумати кишвар 16 хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаҳои ҳукумати ҶТ ба лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”,  Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”,  ба лоиҳаи  Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радио” ва ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ниҳолпарварӣ”-ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар маҷлис инчунин масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Кодексҳои нақлиёти автомобилӣ ва оби ҶТ, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ҶТ барои давраи то соли 2030 ва низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...