Ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барномаи пешгирии фарбеҳӣ ҳисобот доданд

Рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур […]

Рӯзи 30-юми сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Сипас аъзои ҳукумати кишвар 16 хулосаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаҳои ҳукумати ҶТ ба лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”,  Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”,  ба лоиҳаи  Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радио” ва ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ниҳолпарварӣ”-ро муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар маҷлис инчунин масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Кодексҳои нақлиёти автомобилӣ ва оби ҶТ, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ҶТ барои давраи то соли 2030 ва низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.