Оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ. Касе рафтанӣ набошад, маҷбур мекунанд

Asia-Plus

Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ кунанд.

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», барои ташкили маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, раиси шаҳр ё ноҳия масъул буда, ба онҳо супориш дода шудааст, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ кунанд.

Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бояд ҷараёни омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

“Облава” набошад, бо роҳи тарсонидан?

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВАО, дар шимоли Тоҷикистон ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ волидони даъватшавандагонеро, ки дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, боздошт мекунанд, то фарзандонашон баргашта, ба хизмати ҳарбӣ раванд.

Ба камияш се нафар дар шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ба далели ба артиш нарафтани писарони хонавода волидон "боздошту бозпурсӣ шудаанд".

Абдулло Ансорзода, сокини 19-солаи маҳаллаи Сурхи ҷамоати Чоркӯҳ гуфтааст, як моҳ пеш барои кор ба Русия рафт. Ба қавли Ансорзода, мақомот се рӯз пеш падараш Ансорхон Ҳафизовро ба шуъбаи маҳаллии як сохтори интизомӣ ба Чоркӯҳ бурда, то ҳол раҳо накарданд.

"Сабаби боздошти падарам сафари ман ба Русия ва довталабона ҳозир нашуданам барои хидмат дар артиш будааст", – гуфааст ӯ  рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбати телефонӣ аз Маскав.

Дар бораи ба ин монанд ҳодисаҳо Хуршед Зулфиқоров, сокини ҷамоати Ворух ва яке аз модарони даъватшавандагон, ки нахостааст номаш ифшо шавад, низ ба Радиои Озодӣ хабар додаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Исфара ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ мавзӯъро расман шарҳ намедиҳанд. Як мақом дар ҳукумати маҳаллӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, "касе боздошт нашудааст, балки ба сокинон фаҳмондаанд, ки фарзандони худро бар асоси қонун ба артиш фиристанд".

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...