Оё нозирони “Обу корези Душанбе” ба талаби пули нақд ҳақ доранд?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокинони маҳаллаи 33-юми пойтахт ба “Азия-Плюс” муроҷиат карданд, ки ба суоли зерин посух дарёбем: Пули истифодаи оби манзилҳои истиқоматӣ бояд дар куҷо пардохта шавад  дар нуқтаҳои хизматрасонии “Амонатбонк” ва ё КВД “Обу корези Душанбе”? Нозирони минтақавии об ба онҳо гуфтаанд, ки зимни пардохти маблағ дар хазинаҳои “Амонатбонк” гӯё пул дар низоми электронии корхонаи “Обу корези Душанбе” инъикос намешудааст.

“Ба қавли нозирон, пулҳои барои об дар хазинаҳои “Амонатбонк” пардохтаи аҳолӣ дар низоми электронии онҳо дарҷ наёфта, аз қарзи сокинон кам намешудааст, – хабар доданд ба мо. – Акнун пулҳои дар “Амонатбонк” пардохтаи мо, ки барои он расид (квитансия) ҳам дорем, дар низоми КВД “Обу корези Душҳанбе” дарҷ намеёбаду мо қарздор мемонем?”

Корманди КВД “Обу корези Душанбе” Меҳриддин Қодиров ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надошта, сокинони пойтахт бо интихоби худашон пулро барои истифодаи об метавонанд ба хазинаи “Амонатбонк” ё тавассути нозири корхона бипардозанд.

“Пули ба “Амонатбонк” ё тариқи нозир пардохтшуда дарҳол дар компютер сабт ва инъикос мешавад, – мегӯяд Қодиров. – Нозирон дар дасташон дастгоҳҳои хазинавӣ доранд ва бояд чек (варақаи пардохт) диҳанд”.

“Нозирон фоиз мегиранд, на маош. Яъне онҳо аз ҳаҷми пули ҷамъовардаашон даромад мегиранд ва шояд маҳз бо ҳамин сабаб чунин гуфта бошанд. Нозирон ҳуқуқ надоранд, ки сокинонро ба ин ё он гуна пардохтани пули об ва дигар хизматрасониҳо маҷбур кунанд. Тарзи пардохт интихоби худи сокинони пойтахт аст”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев зимни шарҳи ин масъала зикр кард, ки ҳисобу китоби истифода аз хизматрасонии коммуналӣ ва обу корез бо муштариён тариқи пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ тавассути муассисаҳои бонкӣ сурат мепазирад ва чунин амали нозирони корхона, ки танҳо пули нақд талаб мекунанд, мухолифи меъёрҳои муқарраршуда аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...