Оё вақти кор накардани чароғаки роҳ БДА ҷарима мекунад?

Asia-Plus

Чӣ гуна метавон рафтор кард, вақте ки бо сабабҳои техникӣ чароғаки роҳ (светофор) кор намекунад ва шумо бо мошинатон гузаштаниед?

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта корбарони гурӯҳи «Я душанбинец-2» дар Facebook сари вазъе, ки дар чорраҳаи назди боғи ба номи Алишер Навоӣ ба вуҷуд омад, баҳс карданд.

“Аллакай 10-15 дақиқа дар чорраҳаи назди боғ ранги сурхи чароғак фурӯзон аст, – навишт Михаил Петрушков. – Камераҳои “Шаҳри бехатар” кор карда, ҳамаи мошинҳоеро, ки дар ранги сурхи чароғак мегузаранд, сабт мекунанд. Дар ин ҳолат ронандагон ҳақ будани худро чӣ гуна исбот мекунанд?”.

Малика Окимбекова, Раҷабалӣ Мирзомуродов, Мурод Холиқов ва дигар аъзои гурӯҳ низ корношоям будани чароғакро дар ин кӯча тасдиқ карданд.

“Аз соати 14 вазъ чунин аст, – навиштааст Фаррух Ҷалолов. – Ман хостам занг занам лекин намедонам ба куҷову ба кӣ”.

Ҷарима намешавад

Аз хадамоти “Шаҳри бехатар”-и пойтахт шарҳи ин масъаларо дархост кардем.

“Ноқисиҳои ҷиддии техникӣ дар кӯчаҳои шаҳр маъмулан дарҳол аз ҷониби хадамоти БДА сабт мешавад ва бригадаи таъмиргарон зуд ба он ҷо сафарбар мешаванд. Дар дигар ҳолатҳо бо огоҳии аввалини шаҳрвандон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” подполковник Фурқат Шоҳимардонов.

Дар робита ба масъалаи баҳси сокинони пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ гуфт, ки зимни кор накардани чароғак ронандагон ҷарима намешаванд.

“Камераҳои мушоҳидаи видеоӣ натанҳо ҳолати вайрокунии қоида, балки вазъ дар ҳамон қитъаи роҳро ба сурати умум сабт мекунанд, – шарҳ дод Шоҳимардонов. – Агар шуморо барои вайрон кардани қоида дар ҳамон қитъаи роҳ, ки чароғак корношоям буд, ҷарима кунанд, инро метавон ба осонӣ тариқи азназаргузаронии сабтҳои камераҳои мушоҳидавӣ ошкор кард. Бо истифода аз фурсат ба сокинони шаҳр хотиррасон карданиам, ки дар сурати дидани ҳолати корношоямии чароғак ё дигар мушкилот дар роҳҳо, бетарафӣ накунед ва як дақиқа вақтатонро сарф карда, ба рақамҳои фаъоли БДА: 235-65-94, 235-79-29 ё 236-09-34 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...