Қазияи “облава”-и хабарнигори Asia-Plus

Date:

Дар шаби аввали даъвати тирамоҳӣ ба артиши Тоҷикистон хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди истгоҳи Сирки пойтахт мавриди амалиёти “облава” қарор гирифт.

Шаби 1-уми октябр, тақрибан соати 22:00 ашхоси ношинос бо либоси мулкӣ ӯро ба “микроавтобуси хатсайри 33” савор карда, ҳамроҳи дигар ҷавонони гирифтори “облава” ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бурданд. Хабарнигори Asia-Plus тавонист аз дохили ин мусофиркаши хурди “Mercedes-Benz Spriter” пахши мустақими видеоиро дар Facebook роҳандозӣ кунад.

Зимни гирифторӣ ба “облава” чӣ гуна бояд рафтор кард? Дар навори зер Абдуллоҳ Ғурбатӣ андешаю тавсияҳои худро иброз медорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Ба онҳо гуфтам, ки айни ҳол бо худ ҳуҷҷати донишҷӯйӣ надорам ва маълумотномаи рӯзноманигориамро нишон додам. Аммо гуфтанд, ки ин ба дард намехӯрад ва бе ҳуҷҷати донишҷӯйӣ озод намешавӣ. Ягона фикре, ки ба сарам омад, оғози пахши мустақим аз дохили микроавтобус дар шабакаи иҷтимоии Facebook буд ва маҳз ҳамин видео сабаб шуд, ки маро ба утоқи алоҳида бурданд”, – мегӯяд Абдуллоҳ.

Кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе танҳо баъди поксозии ин видео аз саҳифаи шахсии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Facebook ӯро озод карданд. Аммо то он замон корбарони шабакаи иҷтимоӣ ин видеоро аллакай боргирӣ ва дар торнамою сафаҳоти гуногун бознашр карданд.

МЕДИА (IFRAME)

Ба гуфтаи Абдуллоҳ, бо озод шудани ӯ набояд ин қазия ба ҳошия равад: “Ин мавзӯъ ҳатман бояд баррасӣ шавад ва хусусияти оммавӣ пайдо кунад, то мақомот аз шеваи “облава” дигар кор нагирад, чун воқеан, ин таҳқир аст. Як нафарро аз кӯча бидуни огоҳӣ ва хоҳиши худаш мебаранд ва як муддат дар боздошт нигоҳ медоранд”.

Мақомот аз шарҳи боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба Asia-Plus гуфтанд, ки ҳеҷ гуна амалиёти “облава” дар шаҳри Душанбе бурда намешавад ва онҳо аз ин қазия огаҳӣ надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Позор а правительство твердит что нет облавы. У нас и без облавы достаточно призывников.один раз проверьте как жевут работники военкоматов на такуй мизерную зарплату по несколько домов и машын имеют заработанных на облаве

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...