Ронандаи Mercedes-Benz дар Хуҷанд модару ду кӯдакро пахш кардааст

Дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд модар ва ду кӯдаки хурдсоли ӯ зери чархи мошин мондаанд. Ҳодисаи нақлиётӣ бегоҳи 30-юми сентябр ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи Mercedes-Benz Бахтиёр Адҳамов бехатарии роҳро таъмин карда натавониста, се нафар пиёдагардонро пахш кардааст.  Тибқи иттилои маркази матбуоти  ВКД ҶТ, дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Нуронахон Раҷабова, соли таваллудаш 2013, аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба […]

Дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд модар ва ду кӯдаки хурдсоли ӯ зери чархи мошин мондаанд.

Ҳодисаи нақлиётӣ бегоҳи 30-юми сентябр ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи Mercedes-Benz Бахтиёр Адҳамов бехатарии роҳро таъмин карда натавониста, се нафар пиёдагардонро пахш кардааст. 

Тибқи иттилои маркази матбуоти  ВКД ҶТ, дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Нуронахон Раҷабова, соли таваллудаш 2013, аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Модари кӯдакон – Майсара Раҷабова (с.т. 1993) бо писари дусолааш Нуруллои Раҷабӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва айни ҳол дар беморхона бистариянд. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи “Опел-Караван” таҳти идораи Ҷӯрабек Бекбутnаев ба мошини сабукрави “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама Бекбуттаеви 30-сола дар беморхона фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.