Ҷаримаи ронандагон пас аз шикояти корбарони Facebook

Барои таваққуфи нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашудаи пойтахт 6 ронанда ҷарима карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанде аз шаҳрвандон аксҳои қоидавайронкунии ронандагонеро, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф кардаанд, ба суроғаҳои электронии Раёсат фиристодаанд. Муроҷиатҳои воридшуда аз ҷониби Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, […]

Барои таваққуфи нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашудаи пойтахт 6 ронанда ҷарима карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, чанде аз шаҳрвандон аксҳои қоидавайронкунии ронандагонеро, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф кардаанд, ба суроғаҳои электронии Раёсат фиристодаанд.

Муроҷиатҳои воридшуда аз ҷониби Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, якчанд нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиш ва чораҷӯии нозирони роҳ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа тасдиқ шуд, ки ронандагони зерин ба таври ғайриқонунӣ воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда нигоҳ дошта, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид кардаанд. Нисбат ба ин ронандагон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима пардохтанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Почтаи электронӣ: [email protected]
Саҳифаи расмӣ дар Facebook: “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварӣ: (+99237) 221-15-00

Гуфта мешавад, ки муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи масъулин қарор гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва амалӣ гардонидани дархостҳои сокинон чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.