Падари Ҳувайдо ҳимоятгари нав гирифт

Манзума Фирӯз, “Asia-Plus”

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо мақсади назорат ва пайгирии қазияи Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 1-уми октябр бо падари ӯ Абдусалом Саидов ва адвокати навтаъйин Шавкат Умаров суҳбат кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад.

Шавкат Умаров бо тавсияи сафорат ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷониби ҷабрдидаро ҳимоят мекунад. Ӯ яке аз адвокатҳои пуртаҷриба аст, ки муддати 5 соли охир дар Русия фаъолият мекунад, – таъкид шудааст дар навиштаи  сафорат.

Зимни суҳбат натиҷаҳои мурофиаи судӣ, ки 30-юми сентябр вобаста ба ин парвандаи ҷиноятӣ доир шуд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки бинобар идомаи табобати иҷбории айбдоршаванда Александр Сёмин додгоҳи вилоятии Москва баррасии парвандаи ҷиноятиро бори дигар мавқуф гузоштааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мавқеи устувори сафорати Тоҷикистон ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷониби ҷабрдида Абдусалом Саидов изҳор гардид.

Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов таъкид дошт: “Мо ба идомаи тафтишоти воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаи ҷиноятии мазкур, инчунин ногузир будани ҷазо ба шахсе, ки чунин кирдори даҳшатнокро нисбат ба шаҳрванди ноболиғи кишварамон Ҳувайдо Тиллозода содир кард, боварӣ дорем”.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо сафир маротибаи чаҳорум вохурдааст.

Вай афзуд: “Кумакҳои зиёд аз ҷониби сафир ва кормандони сафорат ба оилаи мо расонида шудааст. Дар вохурӣ ҳамчунин гуфтанд, ки барои овардани ҳамсарам ба мурофиаи судии навбатӣ мусоидат мекунанд”.

Падари Ҳувайдо аз адвокати собиқаш Дагир Хасавов ёдовар шуда, гуфт, ки бо такя ба маълумоти ҷойдошта Хасавов рӯзи 16-уми ноябр озод хоҳад шуд. “Бо бародар ва писари Дагир дар тамос ҳастам ва аз ҳолаш пурсон мешавам. Ӯ баъди озод шуданаш аз ҳуқуқи мо дифоъ мекунад. Бо доштани ду ҳимоятгар умед дорам, Семин ҷазояшро мегирад”.

Ёдрас мекунем, адвокати оилаи Ҳувайдо Дагир Хасавов рӯзи 17-уми сентябр дар бинои суди Лефортово бо гумони монеагузорӣ ба адолати додгоҳӣ боздошт шуд. Ӯро ба Кумитаи тафтишотӣ бурдаанд ва дар айни замон ҳолати мурофиавии ӯ маълум нест.

Мурофиаи навбатии парвандаи Ҳувайдо бояд 19-уми сентябр баргузор мешуд, аммо ба гуфтаи падари ӯ, аз Додгоҳи вилоятии Маскав барқия омада буд, ки мурофиа ба рӯзи дигар гузаронида шудааст.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки дар ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...