Дар Тоҷикистон бонки нав фаъол шуд

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гирифтааст. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30-юми сентябр дода шуд. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова барои […]

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гирифтааст.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30-юми сентябр дода шуд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, саҳмгузорӣ дар коҳиш додани фоизҳои қарзӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат дастур додааст. Дар баробари ин, ба ҳайси як зан – роҳбари бонки тиҷоратӣ саҳм гузоштан дар ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавсия шудааст.

Тибқи қарори мазкур бинобар табдилёбии ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Арванд” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз 14 декабри соли 2012 ва иҷозатномаи ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бинобар азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба ҶСП Бонки “Арванд” аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Дар торнамои БМТ зикр шудааст, ки аз ҷониби ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар робита ба табдилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурд ба Бонк (ҶСП Бонки “Арванд”) дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ва ҳамроҳшавии ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бо Бонки навтаъсис расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.