Раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиё вомехӯрад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон 4-уми октябр бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” якчанд нафар аз шумори даъватшудагони вохӯрӣ хабар доданд.

“Фардо соати 9 дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои маорифу илм ва адабу фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешавад”, – гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.

Дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” чунин посух доданд: “Хабари расмӣ пагоҳ нашр мешавад”.

Ёдрас мекунем, ки 30 сол пеш – рӯзи 22-юми июли соли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Дар заминаи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Тоҷикистон 22-юми июл ҳамчун “Рӯзи забон” ҷашн гирифта мешуд.

Сипас қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...