Раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиё вомехӯрад

Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон 4-уми октябр бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” якчанд нафар аз шумори даъватшудагони вохӯрӣ хабар доданд. “Фардо соати 9 дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои маорифу илм ва адабу фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешавад”, […]

Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон 4-уми октябр бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” якчанд нафар аз шумори даъватшудагони вохӯрӣ хабар доданд.

“Фардо соати 9 дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои маорифу илм ва адабу фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешавад”, – гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.

Дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” чунин посух доданд: “Хабари расмӣ пагоҳ нашр мешавад”.

Ёдрас мекунем, ки 30 сол пеш – рӯзи 22-юми июли соли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Дар заминаи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Тоҷикистон 22-юми июл ҳамчун “Рӯзи забон” ҷашн гирифта мешуд.

Сипас қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.