Рустами Эмомалӣ омӯзгорони пойтахтро қадрдонӣ мекунад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда қарор ба имзо расонид.

Барои ҳавасмандсозии омӯзгорон аз буҷети шаҳр 129 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Ҳакимзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» 43 муаллим аз мақомоти шаҳрдорӣ ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад”, – гуфт ӯ.

Дар қарор ба муовинони раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки иҷрои бандҳои онро зери назорат гиранд.

Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор, ки ҳамасола дар зиёда аз 100 кишвар ҷашн гирифта мешавад, соли 1994 таъсис дода шуд. Асоси таърихии он Конфронси махсуси байниҳукуматӣ дар бораи мақоми омӯзгорон буд, ки 5-уми октябри соли 1966 дар Париж доир гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...